БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2018

Истиқлолият беҳтарин дастоварди мардуми мост!

ЁВОН. Дар воқеъ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018, хамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хар як зан, модар ва бонуи  тоҷикистонӣ имкон дод, ки бори дигар ҳунарҳои ҳазорсолаи хешро эҳдо кунанду бо ин васила фарҳангу асолати хешро маҳз тавассути фарзандони хунарманди хеш бунёд ва эхё намоянд.

ҲХДТ- ҳимоятгари ҷавонон аз хатарҳои террористиву экстремистӣ

ДӮСТӢ. Бо иштироки и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз бо фаъолон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шаҳринав»-и ҷамоати шаҳраки 20солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Зан сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ мебошад…

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар ҶДММ «Хоҷамўъмин» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед хониши сиёсӣ доир гардид.

Терроризму экстремизм зуҳуроти хатарноки асри нав

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбиӣ “ДЭУ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳалаҳои ноҳияи Балҷувон аз тарафи кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нест бод, Кабирии зархариди хориҷиён ва хоини беватан

ВОКУНИШ. Барои Кабирӣ ва пайравонаш ба доми фиреб афтонидани ҷавонон кори саҳл метобад, вале дар амал ҷавонони имруза ба мисли ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта гулу гумроҳ нестанд, ки зуд аз домони фиреб даст гиранд.

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар деҳаи Ҳилолӣ 2-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо сокинон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвиятиробитабо маҳал ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Корҳои созандагӣ дар ташкилотиҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Маркзи таъминоти бехатарии озуқаворӣ” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин  Абдуллоев хониши сиёсӣ доир гардид.

Сокинони маҳал дар созандагию бунёдкорӣ саҳмгузоранд

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» -и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.

Огоҳонидани ҷомеа аз мақсаду мароми гурўҳҳои ифротӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи технологӣ” вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ шуд.

Ҳама якҷоя дар ободӣ ва тозагии Ватан саҳм мегузорем!

ДАНҒАРА. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва татбиқи сифатноки нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба баргузории корҳои созандагиву ободонӣ дар назди корхонаю муассиса, кўчаву маҳалаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия шанбегӣ доир карда шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg