БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зан сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ мебошад…

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар ҶДММ «Хоҷамўъмин» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни мулоқот бо кормандони ҶДММ «Хоҷамўъмин» Сафарова Ҳафиза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки Пешвои  миллат «Нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст ва таъкид карданд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгарӣ зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад». Имрӯзњо занон низ дар ҷомеа мақоми хосаеро соҳиб гардиданд ва дар ҳамаи соҳаҳо мо имрӯз метавонем занҳоро бубинем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо низ дар якҷоягӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем.

Ҳамзамон,  Гулрухсор Мирзоева иброз намуд, ки кӯҳи намаки Хоҷамўъмин яке аз гунбазҳои калонтарини намак дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Захираи намаки Хоҷамўъмин 40-50 млрд, тонна мебошад. Аз нишебиҳои Хоҷамўъмин 163 чашмаҳои шӯр ҷорист, ки  имрӯз чихеле мебинем аз онҳо барои истеъмоли мардум намакҳои истеъмолӣ коркард шуда истодаанд.                                                                                                                                                                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg