БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани ҷомеа аз мақсаду мароми гурўҳҳои ифротӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи технологӣ” вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ шуд.

Фирўзи Саидмӯъмин  муовини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи технологӣ” Рустамов Низомиддин ишитрок ва суханронӣ намуданд.

Рустамов Низомиддин зимни мулоқот қайд кард, ки аъзо будан дар ҳизби пешоҳанги мамлакат, боиси ифтихор мебошад. Зеро бо амалҳои созандаи худ исбот намуд, ки дар асл ҳизби мардумӣ мебошад ва ҳадафаш танҳо хизмат ба халқ аст.

Дар идома, корманди ҳизб Фирўзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, оид ба омилҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки яке аз омилҳои даст задан ба ин амалҳои ғайриинсонӣ дар паст будани сатҳи донишу фаҳмиши дунявӣ, надоштани маърифати динӣ ва ноогоҳ будани баъзе аз ҷавонон аз асли хеш мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳар як аъзо ва тарафдорони ҳизбро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил ва фазои орому осоиштаи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол барои баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ дар замири ҷавонон корҳои тарғиботиро зиёд намуда, баҳри ояндаи пурсаодати миллат саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg