БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳимоятгари ҷавонон аз хатарҳои террористиву экстремистӣ

ДӮСТӢ. Бо иштироки и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз бо фаъолон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шаҳринав»-и ҷамоати шаҳраки 20солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъулин аз рӯйдодҳои охирин, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 сентябри соли 2018 ба ВМК Бадахшон, дӯстии байни миллатҳои тоҷику ӯзбек, инчунин оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ баромад намуданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Барзунов Қосимҷон иштирок намуда, қайд кард, ки мардуми деҳаи Шаҳринав  дар фазои сулҳу дӯстие, ки роҳбари оқилу донои мамлакат фароҳам овардааст, софдилона заҳмат намуда,  ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  аз ҲХДТ ҷонибдорӣ менамоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg