БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳама якҷоя дар ободӣ ва тозагии Ватан саҳм мегузорем!

ДАНҒАРА. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва татбиқи сифатноки нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба баргузории корҳои созандагиву ободонӣ дар назди корхонаю муассиса, кўчаву маҳалаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия шанбегӣ доир карда шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф дар шакли дастаҷамъона ин нишона аз иттифоқиву ҳамфикрӣ ва зоҳир намудани фарҳанги баланд  нисбат ба маҳали кору фаъолият ва зисту зиндагӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ дар дар амалӣ намудани ташаббусҳои неку созандаи ҲХДТ дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ аҳли заҳмати ноҳияи Данғара бо ифтихормандиву сарфарозӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар саҳми арзанда гузоштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg