БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои созандагӣ дар ташкилотиҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Маркзи таъминоти бехатарии озуқаворӣ” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин  Абдуллоев хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимнан Ваҳобиддин Абдуллоев баромад намуда, дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он қайд намуда, дарҷ  кард,  ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар мегардонанд.

Суханони судманди  мавсуфро иштирокдорон якдилона дастгирӣ намуда, роҳбари Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Қубодиён Р Авазов қайд намуд, ки  мо масъулон тамоми саъю кӯшиш, малакаву маҳорати хешро баҳри таъмини солимии ҷомеа равона намуда, дар амалигардонии ҳадафҳоисозандаи ҳизб ва сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор хоҳанд буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg