БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲХДТ – таблиғгари бунёдкорӣ васозандагӣ дар кишвар

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Шӯълаи дурахшони дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳанд гашт

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

Амали нек барои ояндаи дурахшон

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши аҳолии деҳаи Рудақули ҷамоати деҳоти Заркамар гардид.

Эҳёи фарҳанги миллӣ таҷассумгари оинҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик

ЁВОН. Чанде қабл  дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи дурдасттарини ноҳия, ки дар сарҳади ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дорад, деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Баҳор»  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияҳои таблиғотӣ- амалӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Модарони ҳунарманд муаррифгари Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон мебошанд

ВОСЕЪ. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ ин навбат дар деҳаи дурдасти Осмонбика ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов бо  иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳноза Раҷабова ва Гулрухсор Мирзоева бо занони ҳунарманди деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Ҳидояти мардум ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳадафи асосии ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии кооперативи Файзулло»-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гуруҳҳои террористиву экстремистӣ вазифаи аҳли ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зисти вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохури баргузор гардида, дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок намуданд.

Дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарварӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон вазифаи мо волидайн аст

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, дар сатҳи баланд п

Хизмат ба Ватан вазифаи фарзандии мост!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сумбула»-и деҳаи Сумбулаи ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту  муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи дуюми соли 2018 бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон