БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи фарҳанги миллӣ таҷассумгари оинҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик

ЁВОН. Чанде қабл  дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи дурдасттарини ноҳия, ки дар сарҳади ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дорад, деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Баҳор»  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияҳои таблиғотӣ- амалӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Норин  аслан 99 фоизи аҳолиро мардуми ӯзбекзабон ташкил медиҳад, ки озодона зиндагонӣ ва иқомат мекунанд. Занони ҳунарманди ин мавзеъ бо ҳунарҳои волои худ  дар миқёси ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки аъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дӯрусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тибби гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Дар охир аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба Раиси кумитаи маҳалла ва гурӯҳи занони фаъоли деҳаи Баҳор барои иштироки фаъолона дар баргузории чорабинии сатҳи баланд Сипосномаи КУмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg