БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарони ҳунарманд муаррифгари Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон мебошанд

ВОСЕЪ. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ ин навбат дар деҳаи дурдасти Осмонбика ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов бо  иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳноза Раҷабова ва Гулрухсор Мирзоева бо занони ҳунарманди деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Шаҳноза Раҷабова оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққи додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифи намудани ҷойҳои имконпазири сайёҳӣ инчунин фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки мардумӣ эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле ба маврид аст.

Ҳамзамон, Гулрухсор Мирзоева иброз намуд, ки эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба мо хусусан ба модарони ҳунарманд имконият медиҳад, ки буҷаи оилаи хешро ғанӣ гардонанд ва ба ин васила барои аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодиамон саҳмгузор бошанду Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg