БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали нек барои ояндаи дурахшон

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши аҳолии деҳаи Рудақули ҷамоати деҳоти Заркамар гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан карда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум сухан намуд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб намуда истодааст. Инчунин, оид ба ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд,  суханронӣ  карданд. Ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид шуда,  ҳоло ҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро, балки  ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта, умри ҷавони худро барбод додаанд.

Дар фароварди вохӯрӣ барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд. Ба шарофати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун рушди ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро беҳбуди бахшанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg