БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳидояти мардум ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳадафи асосии ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии кооперативи Файзулло»-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ичунин, оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан намуда, даъват бар он карданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар як фарди ҷомеаро  хизмати софидона ва дар пешрафту шукуфоии меҳан саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg