АНДЕША. Бо дидани пешравиҳо ва дастовардҳои Ватани азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як фардро фараҳу шодӣ иҳота месозад. Албатта мо мардуми тоҷик аз он сарбаландем, ки имрӯз соҳибватанем ва пайваста барои рушд ёфтани Ватани маҳбубамон қадамҳои устувор гузошта истодаем.