БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – АЗ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ МИЛЛАТ. Нигоҳе ба навоварӣ дар шеъри тоҷик ва хизматҳои бузурги устод

АНДЕША. Вассофи сулҳу дӯстӣ, шоир ва ватанпарвар – Мирзо Турсунзода ба мо мероси гаронбаҳои шеъру сурудҳои ҷовидона боқӣ гузоштааст, ки дар онҳо дарди гузаштаю имрӯза ва ояндаи миллат бар мехӯрад. Гузашта аз ин, устод ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олам шӯҳрати беандоза дошт. Ӯ дар ин вазифаи пуршараф 20-соли ҳаёти худро бахшида, баҳри пойдории сулҳ ва равобити фарҳангии ин ду қитъаи олам хизматҳои шоён намудааст.

Устод ба сифати муборизи роҳи сулҳ ва дӯстии халқҳо ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сарфар карда, мамлакати мо ва халқи моро ҳамчун миллати сулҳпарвар башардӯст ва фарҳангию хирадманд ба тамоми дунё машҳур гардонидааст. Тавре худи шоир мегӯяд:

...Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо...

Аз ин рӯ, фикр дорам аз ҷониби рӯзномаи Ҷумҳурият эълон доштани озмун бахшида ба 110-солагии устоди бузург Мирзо Турсунзода ба маврид буда, чунин ташаббусҳо бори дигар аз гиромӣ доштани хизматҳои чунин шахсиятҳои мондагори миллат ба ҳисоб меравад.

ШЕЪРҲОИ УСТОД ҲИССИ ВАТАНДӮСТИРО БАЛАНД МЕСОЗАД

Тавре маълум аст, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 барои халқи Шӯравӣ, ки ба ивази ҷони миллионҳо одам бо ғалаба анҷом ёфт, қувваи бузурги иттиҳоди миллату халқиятҳои ватанхоҳро нишон дод. Аз рӯзҳои аввали ҷанг адибон бо хома халқро ба ҳимояи Ватан даъват менамуданд. Устод Мирзо Турсунзода дар ин айём бо килки хеш як қатор шеъру достонҳо эҷод намуда, меҳри ҳар як инсонро ҷиҳати дӯст доштани ватан ва азиз донистани ҳар ваҷаб хоки он баланд мегардонид.

Ҳар кӣ ҷасур аст, Ватан ҷои ӯст,

Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст...

Шарти бузургӣ, ки далерӣ бувад,

Душмани қаттоли асирӣ бувад.

Ҳар кӣ далер аст, нагардад ғулом,

Зиндаю озод бимонад мудом.

ДАР ЭҶОДИЁТИ ШОИР ЗАН – МОДАР МАВҚЕИ МАРКАЗӢ ДОРАД

Устод Мирзо Турсунзода дар образи зан – модар, колхозчию коргар, олимаю шоира, ходими давлатиро барҷаста тасвир намуда, беҳтарину нафистарин, самимитарин, зеботарину пурмазмунтарин суханҳоро ҳамчун шаддаҳои дурдона ба зан ҳадя мекунад. Шоир занро сарчашмаи тамоми ҳусну малоҳати замин, ободию осудагии ҳаёт, гармию нишоти зиндагӣ мешуморад ва мегӯяд:

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо...

ё ин ки:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

САҲМИ АРЗАНДАИ УСТОД БА ХАЛҚУ ВАТАН ВА АҲЛИ БАШАР

Ширинии сухан ва истифодабарии эҷодиёти халқ шоирро  водор кард, ки эҷодиёташро бо баҳрҳои асили шеъри форсӣ – тоҷикӣ – баҳри ҳаҷаз ва баҳри рамал эҷод кунад. Чунки ҳамаи шеърҳои халқӣ қариб бо ин ду баҳр эҷод шудаанд. Аз ин нуқтаи назар истифодабарии чунин усул устодро ба қуллаи баланди эҷодиёт оварда расонд. Дар бораи бузургии устод

Лоиқ Шералӣ:

Дар қатори қуллаҳои Тоҷикистон,

Дар қатори қуллаҳои сангу хок.

Қуллаи дигар ба гардун сар кашид-

Қуллаи шеъри баланду рӯҳи пок.

Қуллаи андар қатори сад ҳазорон қуллаҳо-

Қуллаи устод Турсунзода аст.

Алӣ Бобоҷон:

Ба авҷи ормонҳои фурӯзон,

Нидояш чун парасту буд парафшон.

Зи ному нанги Турсунзода бишнохт

Ҷаҳон исми шарифи Тоҷикистон.

ва дигар шоирон суханҳои барақ гуфтаанд.

ҲУНАРИ ШОИРӢ ВА НАВОВАРИИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

Тамоми ҷомеа ба он нафаре, ки тири муродаш аз некномӣ ба ҳадаф мерасад, офаринаш мехонанд. Устод Турсунзода низ дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳатто дар дили дигар халқиятҳо низ бо сабку услуби хос ва навоварӣ дар эҷодиёташ абадзиндааст.

Воқеан, устод аз шоироне ҳаст, ки тавонист дар шеър навовариҳои зиёд биёрад, офаринаш бод! Тавре шоир Ато Мирхоҷа мегӯяд:

Шеъри рангорангу софу тоза зод,

Модари тоҷик Турсунзода зод.

Албатта, вобаста ба эҷодиёт ва навовариҳои устод аз ҷониби донишмандон матлабҳои зиёд рӯи чоп омадаанд. Ва дар ин маврид ман низ хостам каме бошад ҳам, назари худро оид ба навоварии устод дар матлаби хеш илова созам.

Дар ҷодаи эҷодиёт танҳо шоири бузурге метавонад, дар калимасозӣ калимаҳои нав офарида бошад. Дурахши навоварии калимасозии устод дар яке аз шеърҳояш чунин аст:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун...

Бубинед, дар инҷо устоди навовару тозагӯй калимаи “Мушкилосонкун касон”-ро, ки он як калимаи мураккабе иборат аз чанд ҳиссаи нутқ, ки новобаста аз дароз буданаш чӣ гуна равон офаридааст. Якум – мушкил (сифат), дуюм – осон (сифат), сеюм –осонкун (аз сифат ва феъли фармоиш), чорум – кун (яъне аз калимаи кард ва ё кардан – масдар), панҷум – кас (исм), шашум – касон(кас – исм ва он - ҷонишин) ва ҳафтум –ро(пасоянд) мебошад, ки калимаҳо пайдар дар пай омада, гарчанд калима мураккаб бошад ҳам, аммо дар талаффуз равону содда ҳаст. Монанд ба ин метавон чандин навовариҳои устодро дар калимасозии забони тоҷикӣ мисол овард, ки аз ҳунари асил ва шоири барҷаста будани ӯ дарак медиҳад.

Ин аст, ки ба хотири хизматҳои шоён бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба устод М. Турсунзода унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg