
ВАХШ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тоҷикистон"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод маҷлиси ҳисоботӣ-интихобӣ баргузор карда шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Холов И. оиди фаъолияти шашмоҳаи ташкилот дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Дар рафти маҷлиси мазкур ҳайати меҳмонон суханронӣ намуда, доир ба саҳм гузоштан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар ободиву зебогии кишвари азизамон гузоранд.