БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдати ҷамоати деҳоти Маданият масҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ  Илҳомҷон Ҳамидиён, Суфизода Шодмон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ишмуродов Ҳакимҷон баргузор гардид.

Кори маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдат Холиқова Соҳибҷамол оғоз намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Мавсуф оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Сипас аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдат баромад намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобиданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рузнома Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасид баромад намуда, номзадии Холиқова Соҳибҷамолро ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдат  пешниҳод намуд, бо овоздиҳии аъзои ташкилоти ибтидоӣ Холиқова Соҳибҷамол раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” интихоб гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg