БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР – МАШВАРАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲАДАТИ МИЛЛӢ

ВОСЕЪ. Дар толори қисми низомии ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинар-машварат таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”  бо иштироки масъулини ҳизбӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, ҷавонони фаъол ва афсарони қисми низомӣ баргузор гардид.

Шодибеги Идӣ, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар семинари мазкур баромад намуда, ҳамагонро бо ин ҷашни бошукуҳ, яъне Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд ва дар идома қайд кард, ки таърих ва сарнавишти нек ба мардуми Тоҷикистон сарвари созандаву бунёдкореро чун Эмомалӣ Раҳмон пайдо кард, ки натанҳо аз уҳдаи вазифаи худ сарбаландона баромад, балки миллати тоҷикро сарҷамъ намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби афсарони қисми низомии ноҳия қайд гардид, ки мо-афсарони ҷавон дар такя ба ин гуна амалҳои хайру савоб шахсияти воломақоми Эмомалӣ Раҳмонро дар дилу дида ҷой менамоем, зеро маҳз ҳамин сиёсати одилона буд, ки сарафрозиву шукуфоӣ насиби мо гардид.

    Аз сари сидқу вафо ва меҳру муҳаббат ба хизматҳои мондагори Сарвари кишвар арҷ мегузорем, зеро дар ҷаҳони мутамаддин ҳамчун миллат ва давлат мақом ёфта, ба сифати як мамлакати воҳид аз ҷониби давлату созмонҳои бонуфузи олам эътироф гардидем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg