АНДЕША. Истиқлолият рамзи давлату давлатдорӣ буда, дар мамлакат тинҷиву амонӣ, осудагӣ ва суботи миллиро пойдор намуд ва ҳамзамон истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, ягонагӣ ва дунявиро нишон медиҳад. Давлате, ки истиқлолият ба даст наовардааст, ҳамчун давлат эътироф карда намешавад.