БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНВИРУС ИДОРАШАВАНДА АСТ!

АНДЕША.Љумњурии Тољикистон бо назардошти њамсояи наздик будан бо Љумњурии мардумии Чин бобати пешгирии пањншавии коронвирус, ки имрўзњо тамоми давлатњои љањонро ба тањлука андохтааст, гомњои устувор гузошта истодааст. Дар ин росто омаду рафти шањрвандони дохилию хориљї тибќи рељаи махсус сурат гирифта, онњо бо сипари намудани муњлати карантинї дар љойњои муайянгардида барои будубош дар дохили кишвар иљозат дода мешаванд.

    Тањаввулоти рўзњои охир, ки мардумро  озурдахотир намуд то љойе шояд ба сатњи иќтисодии онњо таъсири манфї расонид. Дар њоле, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти мусоидат ба шароити иќтисодию иљтимоии ањолї тадбирњои мушаххасро рўи кор дорад, доирае аз њамватанон зери тањлукаи пањншавии хатари коронавирус  даст ба хариди маводи хуроквории зиёда аз талабот заданд, ки ин гувоҳи соддагии чунин ашхос ба ҳисоб меравад.   

    Воќеан, бемории коронавирус барои тамоми давлатњои дунё хатарзо аст, зеро таъсир ба генофонди миллатњо мерасонад. Вале чорањои пешгирии ин бемориро ба таври вањму тањлука тарѓиб кардан аз рўи инсофу адолат нест. То љойе, ки медонем, ављи пањншавии ин беморї дар миёни давлатњои љомеаи љањонї рў ба коњиш нињодааст ва њатто давлати Фаронса тамоми мубталоёни ин бемориро пурра табобат намуда, аз табобат ёфтани онњо изњорот дод.  Чун роњи пешгирию табобат мављуд аст, асли воќеаро аз будаш зиёд нишон додан натиљаи заифии иродаи баъзе аз мардуми мост. Дар њолате, ки имрўз дар кишвар тамоми заминањои пешгирии ин беморї мављуд асту сохторњои зидахл дар ин масир тадбирњои лозимиро рўи даст гирифтаанд, зарурати ба тањлука овардани  мардум ин хиёнату гуноњи азимест.

    Биноан аз тамоми мардуми шарифи кишвар эњтиромона хоњиш менамоем, ки ба овозањои бардуруѓ дода нашуда, ба зиндагию кору фаъолият озодона идома дињанд. Њамзамон ба хотири эњтиёт ва пешгирї аз гирифторшавї ба ин беморї аз рўи тавсияи мутахассисон, ки тавассути шабакањои телевизионї ва дар шабакањои иљтимої пешнињод мегарданд, амал намоянд.

 

Т. Назарзода, раиси КИ ЊХДТ дар ноњияи Ш.Шоњин 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg