БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст

        АНДЕША.Зуҳури коронавирус ва паҳн гардидани он ба дигар давлатҳо боиси ташвишу изтироби мардум гардидааст. Баъзеҳо аз пашша фил сохта, дар байни омма ҳар гуна овозаҳои бардурӯғро паҳн менамоянд.

        Мо шоҳиди он шудем, ки паҳн намудани овозаи баъзе   манфиатҷӯён, ки гӯё ба ҷумҳурӣ дигар чизе ворид намешавад ва ба ҳамин монанд  дигар овозаҳои бардурӯғ рӯзҳои 4 - 5 март чӣ гуна мардумро безобита гардониданд.

      Вақте ин ҳолатро мушоҳида менамудам, худ ба худ савол медодам: Кай ин мардум аз зудбоварӣ халос мехӯрда бошанд? Маҳз ҳамин зудбоварӣ, ба овозаҳо дода шудани мардум солҳои 90-уми асри гузашта моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.  

       Ҳукумати мамлакат барои пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ чораҳои таъхирнопазир меандешад. Зеро саломатии мардум боигарии давлат аст. Қарзи шаҳрвандии мо  сокинони кишвар аст, ки ҳар як амали ба манфиати саломатӣ ва  беҳбудии зисту  зиндагии мардум роҳандозӣ намудаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намоем. Бояд дарк намоем, ки ҳар як овоза дар пайи манфиати шахсӣ паҳн карда мешавад. Бинед, ки аз ин овоза кӣ манфиат дид.  

    Тоҷикистон дигар он Тоҷикистони қашшоқи солҳои навадуми асри гузашта нест. Давлати мо давлати рӯ ба тараққист. Ҷаҳониён дар ҳайратанд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ  чӣ тавр ба як давлати серу пур ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Чаро  мо ҳамаи инро намебинему боз ба доми фиребгарон меафтем? 

         Ҷойи пинҳон кардан нест, Коронавирус бемории хавфнок аст. Табобати он маблағи зиёдро талаб мекунад. Бинобар ҳамин аз тариқи радиою телевизион мунтазам роҳҳои пешгирии ин бемориро мефаҳмонанд. Таъкид менамоянд, ки саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Агар мо ба ҳолати санитарию гигенӣ аҳамияти  ҷиддӣ диҳем, яъне дастонамонро ҳамеша бо собун шӯем, тарзи тайёр кардани хӯрокро риоя кунем, бе зарурат ба ҷойҳои серодам наравем, тарзи муносибат ба якдигарро риоя намоем,  ба ин беморӣ гирифтор намегардем.

  Мебояд, ки аз рӯи тавсия ва маслиҳатҳо доир ба пешгирии ин беморӣ амал намоем то худ ва аҳли оилаамонро аз он эмин нигоҳ дорем.

        Шарифҷон Набиев, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg