БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ОВОЗАҲОИ БАРДУРУҒ БОВАР НАКУНЕД!

АНДЕША. Бо вуҷуди оне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамсарҳад буда, миёни ин ду кишвар ҳамкориҳои бисёрҷанбаи судман амали мегаштанд, сироятёбии бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз хушбахтона ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин беморӣ чанде пеш дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хуруҷ ёфт ва боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони зиёди ин мамлакат гардид. Барои пешгирӣ кардани ин беморӣ ба малакати мо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чораҳои оҷилӣ андешида шуда, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷўёне, ки дар вилояти аз ҳама хавфноки Ҷумҳурии Чин Ухан таҳсил мекарданд ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Онҳо баъд аз гузаштани ташхиси тиббӣ, якчанд муддат зери назорати махсуси табибон дар ҷойҳои муайяншуда ба сар бурданд ва акнун ба оилаҳои худ баргаштанд.

Илова бар ин барои пешгирии эҳтимолии сироятёбӣ, назорати гардиши молу маҳсулот ва таъмини корҳои лозимаи санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби сохторҳои марбута чораҳои зарурӣ  андешида шуда истодааст.

Аммо  рӯзи гузашта дар саросари ҷумҳурӣ овозаи бардуруғи ворид шудани бемории коронавирус ба мамлакат ва дар вобастагӣ бар ин эҳтимоли боло рафтани нарху наво дар бозорҳои мамлакат мардумро ба таҳлука овард. Махсусан дар назди мағозаҳои ордфурӯшӣ ҷамъшавии одамони зиёд ва ҳар нафар харидорӣ кардани  то ду се халта орд ба чашм мерасид. Ҳарчанд орд бо нархи қабли фурӯхта мешуд, вале мардум ба он бовар буданд, ки фардо нархи орд қиммат хоҳад шуд.

Баъзан фурӯшандаҳои беинсофе низ пайдо мегарданд, ки аз ин фурсат истифода бурда, нархи молу маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебардоранд.

Аз ин рў аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки ба чунин овозаю ҳангомаҳои бардуруғ бовар накунанд. Ин мавзӯъ тавассути ВАО ҳар замон пайгирӣ шуда, ҳақиқат надоштани ин овозаҳо таъкид карда мешавад. Дар чунин вазъият риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ яке аз роҳҳои эмин нигоҳ доштани худу атрофиён тавсия дода мешавад, ки бе чуну чаро бояд риоя шаванд.

 

Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg