А.ҶОМӢ. Дар соати сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арал», ки бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб андешаронӣ карданд.
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова доир гардид.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо кормандони Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
ҲАМАДОНӢ. Бо истиқоматкунандагони деҳаҳои Пахтакор ва Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Корпоратсияи Зиёратшоҳ» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Боронов Сабзаалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” доир гардид.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳия дар маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Панҷ намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллаи мазкур гузаронида шуд.
НОРАК. Тибқи ҷавдвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва фаъолони шаҳри Норак вохӯрӣ дои
МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Н. Сафарови ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Дар дењаи Эшонободи љамоати дењоти Гулистони шањри Левакант зани собиќадори мењнат, пири рўзгордидаи 107-сола Ёќубова Басбї, ки солиёни дароз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият кардааст, айни замон дар иҳотаи фарзандон, набераву аберагонаш даврони пирӣ меронад.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12