БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Норак

НОРАК. Тибқи ҷавдвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Гулмуродзода Қумриниссо   бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва фаъолони шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ оид ба фаъолияти таблиғотии Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои он дар вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои вилоятӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ намуда, афзуд, ки  фаъолияти ҳизбӣ аз ҳар як узви ҲХДТ масъулияти баландро талаб менамояд. Моро месазад ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  садоқатмандона фаъолият  намоем.

Дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба масъалаҳои номбурда фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, иброз намуданд, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол зери сиёсати ватандӯстонаи  Пешвои миллат сарҷамъ шуда, даст ба дасти ҳам дода баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани  Ватани маҳбубамон талош хоҳем варзид.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg