БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҲХДТ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” якҷоя дар пешгирӣ ва табобати бемориҳо саҳм мегузорем

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо кормандони Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эълон гардидани соли 2018 дар кишварҳамчун Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ  суханронӣ карда, сокинонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастоваврдҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg