БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии амалҳои коррупсионӣдар ҷомеа ба хотири рушди иқтисодиёти давлат

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» аз хатарҳои коррупсия ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ огоҳи пайдо карда масъулин доир ба масъалаи тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат андешарони карданд.

Ҳамчунин, Насимахон Ғаффорова дар рафти суханронии хеш аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда қайд намуд, ки “Хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд”.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg