БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Март 2021

МОДАР ЯКТОСТ- ТОҶИКИСТОН ЯКТО!

БАЛҶУВОН.  Бахшида ба   “Рӯзи  Модар” дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №10-и ба номи Иброҳимов Ҷӯрахон дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Модар яктост-Тоҷикистон якто!” баргузор гардид.

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

Зан агар оташ  намебуд,  хом  мемондем  мо,

Норасида  бодае  дар  ҷом  мемондем  мо.

ВОХӮРИИ ДУ НАСЛ ДАР БОХТАР

БОХТАР. Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Модар мизи мудаввар дар мавзӯъи “Модари  хушбахт” доир карда шуд.

МОДАР ҲАСТИИ МО, ҚУВВАТУ ДАРМОНИ МОСТ!

АНДЕША. Модар! Фариштаеро мемонад, ки Худованд баҳри мо ҳадя намудааст. Модар чи андоза хоксору пурмуҳаббат аст, ки барои ҳар як фарзандаш меҳри худро фаровон мебахшад, то фарзанд хушбахту фирӯз ва солиму тануманд ба воя расад. Дар олам азизтар ва наздиктар аз модар касе нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо ба вуҷуди ӯ пайваста мебошад, ин аст, ки ӯ қудрати ҳис кардани ҳолати фарзандро дорад.

ОЗМУНИ ҲИЗБИИ «МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТО» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашновари миллӣ, Рӯзи Модар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар муассисаи таълимии №2 миёни  хонандагони синфҳои болоӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Модар яктост, Точикистон якто»-ро баргузор намуд.

ПАЁМ РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН!

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки фаъолони ташкилоти ибтидоии номбурда вохӯрӣ доир гардид.

МИЗИ МУДАВВАР ЗЕРИ УНВОНИ «МОДАРИ ХУШБАХТ»

ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таҷлили сазовори иди Рӯзи модар дар муассисаи Литсеий касбии техникии №34 бо иштироки таълимгирандагони ин муассиса мизи мудаввар зери унвони «Модари хушбахт» баргузор намуданд.

МОДАР ФАРИШТАЕСТ, КИ ХУДО ӮРО БАР МО АТО КАРД

АНДЕША. Модар – чӣ калимаест зебою гуворост!  Аз модар бузургтарин шахс дар рӯи  дунё нест. Агар дар дунё бузургон зиёд бошанд ҳам офарандаи онҳо худост ва тавлидкунандаашон  модар. Модари мову шумо, ҳастанд  ҳаёт ҳаст, муҳаббат вуҷуд дорад.

МОДАР ЯКТОСТ-ТОҶИКИСТОН ЯКТО!

Н.ХУСРАВ. Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабин6иҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида  ба таҷлили «Рӯзи модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Ҷамоати деҳоти Наврӯз миёни хонандагони синфҳои  10 ва 11 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар яктост-Тоҷикистон якто» баргузор гардид.

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ХОВАЛИНГ.  Дар деҳаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ҷиҳати омӯзиши Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи сокинони деҳа  доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg