БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ДУ НАСЛ ДАР БОХТАР

БОХТАР. Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Модар мизи мудаввар дар мавзӯъи “Модари  хушбахт” доир карда шуд. Дар мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоят Раҷабзода Қурбонгул, нахустин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева, сокини фахрии шаҳри Бохтар Ализода Хатича, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ботар, Нурализода Н., Зарифова Д., раиси ташкилоти ибтидоии “Шоҳин” Юсуфзода Тутинисо, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, занону бонувони соҳибтаҷриба ва оилаҳои намунавӣ, фаъолзанон, донишҷӯён ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Ҳакимова Волида  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мизи мудавварро оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии фасли баҳори некқадам ва Рӯзи Модар шодбош гуфта, дар бораи  мавқеи зан- модар дар ҷомеаи имрӯза ибрози ақида  кард.

Имрӯз дар ҷомеаи мо занону бонувон мавқеи хоса доранд. Соҳае нест, ки занон дар он ҷо фаъолият надошта бошанд. Баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Ҳамин аст, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувонро нигини пурҷилои тоҷи заррини миллат унвон кардаанд,- гуфт зимни баромади худ Дилафрӯзи Абдулло.

Сипас, Саодат Амиршоев, Хатичабону Ализода ва Юсуфзода Тутинисо доир ба фаъолияти худ, таҷрибаи кориву зиндагиашон ба донишҷӯдухтарон, сирри хушбахтӣ дар оилаашон ва дигар масъалаҳои вобаста ба оила ва оиладорӣ сухан карданд.

Баромадкунандагон, доир ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа ҳарф зада,  гуфтанд, ки зан- модар дар тарбия ва ба воя расонидани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ нақши калонро мебозад.

Дар интиҳои чорабинӣ ба чанд нафар занону бонувон, ки дар тарғиби ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми назаррас гузоштаанд, туҳфа ва сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg