БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ҲАСТИИ МО, ҚУВВАТУ ДАРМОНИ МОСТ!

АНДЕША. Модар! Фариштаеро мемонад, ки Худованд баҳри мо ҳадя намудааст. Модар чи андоза хоксору пурмуҳаббат аст, ки барои ҳар як фарзандаш меҳри худро фаровон мебахшад, то фарзанд хушбахту фирӯз ва солиму тануманд ба воя расад. Дар олам азизтар ва наздиктар аз модар касе нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо ба вуҷуди ӯ пайваста мебошад, ин аст, ки ӯ қудрати ҳис кардани ҳолати фарзандро дорад. Мо-фарзандон дар ҳама ҳолат, чи дар ғаму андуҳ ва чи дар шодиву нишот ба ин олиҳаи бузургу бемисол эҳтиёҷ дорем. Меҳру муҳаббати самимонаи ӯ ва шабзиндадориҳояшро бо ҳеҷ чизи олам баробар наметавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аз аллаи модар баҳравар нагашта бошаду шири сафеди ӯро нанӯшида бошад?!.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бе ҳадду канор, ҳимматбаландтарин шахси рӯи Замин аст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бардаму бенуқсон бузург шуда, мададгори даврони пирии ӯ гардад. Ӯ ҳамеша дар андешаи он аст, ки чӣ коре кунад, то зиндагии фарзандашро хубтару беҳтар кунад ва ҳамеша орзуҳои моро бечунучаро амалӣ гардонад. Пас биëед, фикр кунем, ки мо барои модарони азизамон чӣ кор кардаем, оë мо ба қадри меҳнати онҳо мерасем ë не!. Биëед, модаронамонро дӯст дорем, ҳурмат кунем, то он даме ки онҳо ҷон дар бадан доранд. Касе, ки Модар дорад, хушбахттарин ва сарватмандтарин шахси рӯи дунёст. З-ин рӯ, адибони мо дар васфи Зан-Модар чунин шеъру суханони баландмазмуну ҷаззоб офаридаанд, ки ҳамеша вирди забони ҳар яки мо садо медиҳанд:

Модарам, бахту умедам, зинда бош!

Бар сарам, эй нури шедам, зинда бош!

Чун дуоят бахти ман бошад сафед.

Модари гесусафедам, зинда бош!

Ҳамаи модарони дунёро бо ин ҷашни фархундаашон аз номи ҳизбиён табрику муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, умри дарози пурбаракат, шодиву нишот, бурдборӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем. Идатон муборак, Модарони азиз!

Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg