ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани “Рӯзи Модар” ва эҳтиром гузоштан ба модарон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон миёни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост – Тоҷикистон якто” эълон карда шуд. Аз ҷониби довталабон зиёда аз 50 иншо дар мавзӯи мазкур ба унвонии сохтори ноҳиявии ҳизб пешниҳод гардид.