АНДЕША. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик арзишмандтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад. 27 июни соли 1997 ба тақдири миллати тоҷик дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд ва ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии байни тоҷикон хотима гузошта шуд.
АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Истиқлолияти миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик тӯли таърих фоҷиаҳои муҳимро аз сар гузаронид, аммо забон, расму ойин ва анъанаҳои миллиашро нигоҳ дошт, зеро бузургони оламшумул дошт ва фардо низ фарзандони фарзонааш аз ин давлату аз ин миллат пуштибонӣ хоҳанд намуд.
ВОКУНИШ. Ҳамагуна хиёнатро бахшидан мумкин аст, ғайр аз хиёнат ба Ватан, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш ва бахшида нахоҳад шуд. Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тариқи телевизион ба ёдам даҳшати солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро овард.
ВОКУНИШ. Озодӣ ва осоиштагӣ, суботу амният василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар як инсони солимақл ҷойгоҳи сазоворро ишғол мекунад. Қобили зикр аст, ки имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати хосса рушд меёбад. Зимни ин раванд дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ба вуҷуд омада, бо мақсади нопоки худ дар ҷаҳон доман паҳн намудаанд.
Андешаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат
Сулҳу вахдат ифтихори миллати соҳибдилам, Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам. Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он, Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.
АНДЕША. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва вокеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.
“Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.”
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12