БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки Ваҳдати миллӣ  бузургтарин дастоварди Истиқлолияти миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик тӯли таърих фоҷиаҳои муҳимро аз сар гузаронид, аммо забон, расму ойин ва анъанаҳои миллиашро нигоҳ дошт, зеро бузургони оламшумул дошт  ва фардо низ фарзандони фарзонааш аз ин давлату аз ин миллат пуштибонӣ хоҳанд намуд. Дар Паёми роҳнамои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз таъкид намуданд,ки «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллат буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтирому ҳифз мекунем».

Дар ҳама давру замон дилхоҳ кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат рушду тараққӣ менамояд, сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ муқаддас маҳсуб меёбанд. Миллати сулҳхоҳи мо ва Тоҷикистон ба бахти баланд ноил гашт, дар ин асно шахсияти ғаюр ва дилсӯзе зимоми ин давлатро дар ҳоли фурӯпошӣ ба даст гирифт. Маҳз аз худ гузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки оташи он ҷангу бедодгариҳоро  дар як фурсати кӯтоҳе, ки таҳлилгарони арсаи сиёсат интизор надоштанд, хомӯш кард.

Аз сулҳпарварию ватанхоҳии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз самараи Ваҳдати миллӣ ваҳдате, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, Ваҳдате, ки баъди чандин музокирот ҳосил шудааст, Ваҳдате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барои даст ёфтан ба он  худро дар муқобили бадхоҳони миллат сипар намудааст, Ваҳдате, ки метавон гуфт бо меҳрубонии Офаридгор ва хиради азалии ин миллати сулҳхоҳ ҳамеша пойдору устувор боқӣ хоҳад монд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи саодат аст, ки неруву қувваи бузурги хешро ба манфиати миллату давлат сафарбар намуда, дар оғӯши саршор аз меҳру муҳаббати миллату Ватан азму талош карда, аз меҳру муҳаббати Ватан зиндагии хубу осоиштаро ба мо муҳайё намудааст.

Ин мафҳуми зебову созанда дар сиёсати Пешвои муаззамамон бараъло мушоҳида мегардад. Санаи 27-июн рӯзи таърихиест, ки аз талошу заҳматҳои Пешвои миллат ва мардуми сарбаланди тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш, ки ба қадри ҳар як зарраи хоки ин меҳани зебо расидан, Ваҳдати миллӣ, арзишҳои волоро гиромӣ дорем ва кишварро аз ҳама ихтилофотҳои нодаркор, чун гавҳараки чашм  ҳифз намоем.    

М. Сатторов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg