БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛЕ, КИ БАХШИДА НАМЕШАВАД, ХИЁНАТ АСТ!

ВОКУНИШ.  Озодӣ ва осоиштагӣ, суботу амният василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар як инсони солимақл ҷойгоҳи сазоворро ишғол мекунад. Қобили зикр аст, ки имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати хосса рушд меёбад. Зимни ин раванд дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ба вуҷуд омада, бо мақсади нопоки худ дар ҷаҳон доман паҳн намудаанд. Сабабҳои паҳн гардидани ин гуна гурӯҳҳо ин бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ, худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон мебошад.

Аслан терроризм ва экстремизм ин содир намудани амалҳои номатлуб, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарар, барангехтани низои миллӣ, динӣ, бадбинӣ, ҷангу низоъ миёни мардум   аст. Боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ба назар мерасад. Банда тарафдори сулҳу субот ва осоиштагӣ ҳастам. Вақте ҷавонеро фирефтаи фанду фиреби ин гуна одамон мебинам, таассуф мехӯрам, ки охир дар ҳоле, ки тамоми шароит дар кишварамон муҳайё аст, чаро гумроҳ гашта, даст ба ин гуна амалҳои номатлуб мезананд. Номи худ ва номи падару модар ва меҳани худро доғдор менамоянд. Шоистаи ёдоварист, ки ба ин гуна гурӯҳҳои террористӣ, амалҳои ноҷавонмардона он нафароне шомил мешаванд, ки сӯистифода, бемасъулият, бесавод ва ношукранд. Ин гуна нафарон зуд гумроҳ   гашта, умри ҷавон ва шодоби зебои худро қурбон намуда, ба шаби сияҳ табдил медиҳанд. Ҷавонони шомилгаштаи ин гуна зуҳуроти номатлуб намедонанд, ки киштии нишастаи онҳо сарҳад ва нишон надорад, ҷуз пушаймонӣ. Дарахти шинонидаи онҳо бо тухми кинаву бадбинӣ бори ғаму ғусса медиҳад, на самари шодиву нишот. Аз ин рӯ мо ҷавонон, зодагони даврони истиқлол, пайравони Пешвои миллат бояд   зиракии сиёсиро аз даст надода, иқдомҳои созанда ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоем ва бо дарку масъулияти баланд Истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона, самимӣ, хайрхоҳона, ватандӯстона дар ҳамаи соҳаҳо таҳкимбахш бошем. Ҳар чӣ бештар илм омӯзем. Бесаводиро,  ки балои ҷон ва зарари ҷумла мардумон аст, маҳкум ва нобуд созем. Дар дили худ ва мардуми шарафманди   Тоҷикистони ҳамешабаҳор тухми меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстиро кишт кунем. Хизматҳо ва иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки созанда аст, дурнамои миллатро нишон медиҳад, ҷонибдорӣ намуда, дар амал татабиқ кунем. Ҳама якҷоя аз як гиребон сар бароварда, меъмори давлатро бо хишти боварӣ ва якдилӣ сохта, ба оламиён нишон диҳем, ки ҳеҷ як зуҳуроти номатлуб ва адуи нохалаф  халқи покдил ва иттифоқу сарҷамъӣ моро пароканда намекунад ва натавонад кард.

Саранҷом мо зодагони даврони истиқлол пайравони Пешвои миллат ҷонибдори сулҳу субот ва осоиштагию якдилӣ буда, ҳеҷ гоҳ ба миллату давлати худ хиёнат намекунем. Зеро хиёнат ба миллат амали нобахшиданист.

Усмонова Суман, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg