БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС АСТ

АНДЕША. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик арзишмандтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад. 27 июни соли 1997 ба тақдири миллати тоҷик дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд ва ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии байни тоҷикон хотима гузошта шуд.

Дар бораи аҳамияти таърихии ин санаи басо муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар яке аз баромадҳояшон гуфта буд: “27 июн, бешубҳа, дар таърихи миллати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотирасон месозад.”

Дар ба даст  омадани сулҳи байни тоҷикон қувваҳои пойдори сулҳи Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх саҳми арзандаи худро доранд. Имрӯз ба ин рӯзи муборак ва фархунда 23 сол пур мешавад.

Қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба сулҳу салоҳ аз Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Савганди садоқат ба Ватан ва миллат хӯрдаи Пешвои миллат “Ман ба Шумо сулҳ меорам!”, “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам ман худро ором ҳис намекунам!” дар гӯшам садо медиҳад. Президенти мамлакат бо заҳматҳои зиёд ва гуфтушунидҳои тӯлонӣ тавонист, ки мухолифини давлатро сари мизи гуфтушунид шинонад. Барои расидан ба сулҳи деринтизори миллат Пешвои миллат талаботи мухолифинро пазируфт ва ахиран Созишномаи сулҳ ба имзо расонида шуд.

Имрӯз душманони миллат заҳматҳои сангини кашидаи Пешвои миллатро нодида гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд он муҳаббату дӯстдорие, ки мардум ба Президенти худ доранд, коста гардонанд.

Дар ҳақиқат мисли дурахши офтоб ҳамеша ҷило медиҳад. Онро бо сухани дурӯғ ва иғвоангезона пинҳон доштан ва ё инкор кардан мумкин нест.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон медонанд ва сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи пешқадам шинохта шудааст.

Миралӣ Назаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 15    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg