БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Декабр 2018

Татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

А.ҶОМӢ. Ҳадафи амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия, боз ҳам устувор намудани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳри созандагиву ободонӣ ва дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳое дар маҳал ҷой доранд, тамоми кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Коррупсия монеаи рушди ҷомеаи демократӣ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Яккадин» вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Коррупсия монеаи рушди ҷомеаи демократӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳи

Фарҳанг ҳастии миллат ва рушди давлат

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи ба номи Тошмуҳамедови ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Паём- роҳнамо барои ҳар як фарди кишвар

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Хализода Сафар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диққат тамошо намуданд.

Паёми Пешвои миллат вазифаҳои навбатии моро барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият муайян кард

ҲАМАДОНӢ.Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба мақоми Қонунгузор ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид, дастаҷаъмона тамошо карданд.

Шаҳрвандон эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо хушнудӣ пазируфтанд

ФАРХОР. Дирӯз ҳизбиёни ноҳияи Фархор бо руҳияи болида Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.

Паёми Пешвои миллат ҳидоятгар ба ояндаи дурахшони Ватан

ПАНҶ. Санаи 26-уми декабри соли 2018 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион мустақиман пахш гардид.

Паёми Пешвои миллат ба рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард

МӮЪМИНОБОД. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки 225 нафар фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Паём амалисозандаи ормонҳои миллат аст

ЛЕВАКАНТ. Дар бинои  маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  бо иштироки  кормандон таҳти роҳбарии  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Саидҷаъфар Ватанзода  тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Фаъолони ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омма ба роҳ мондаанд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Озодӣ»-и кӯчаи Озодии  ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба иҷроиши ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонони маҳалла бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷамъомад доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg