БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва рушди давлат

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи ба номи Тошмуҳамедови ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,ба кор даромадани чархаи якуми НОБ-и Роғун, ташаббусҳои навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарбораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ва моҳияти Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда,  аз сокинон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал оварданд.

Дар оъхир масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки бо шавқу завқи баланди меҳнатӣ ҳунарҳои мардумиро  эҳё кардаанд, дидан намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg