БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия монеаи рушди ҷомеаи демократӣ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Яккадин» вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Коррупсия монеаи рушди ҷомеаи демократӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони кумитаҳои маҳалла дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ доир гардид.

Дар рафти чорабинии таблиғотии ҳизбӣ Сабурзода Насим оид ба масъалаи ба миён гузошта шуда муфассал суханронӣ намуда, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти сиёсии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилотҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсиониро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.

Бодарназардошти гуфтаҳои боло Сабурзода Насим ба ҳозирин, ки дар толори маҷлисгоҳи ҷамоат ҷамъомада буданд, таъкид ва хоҳиш намуд, ки новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зиддикоррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори мубориза бар зиддикоррупсия ҷоннок намоянд.

Дар фарҷом аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр ва иштирокчиёни чорабинӣ дар ин хусус суолҳо ба миён омад, ки ба ҳамашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg