ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Фирӯз Пиров ва Моҳира Одинаева барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Иқболи ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.
ТЕМУРМАЛИК. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ яке аз устоҳои номдору моҳир ва чирадасти ноҳия Имом Каримов дар ҳавлии истиқоматиаш бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дӯкони Табақтарошӣро сохта ба истифода дод.
КУШОНИЁН. Гурӯҳи кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба дастовардҳои 27- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.
ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои миллӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи ба номи Имом Машрабови ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия роҳандозӣ гардид.
НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Иқбол”,-и кӯчаи Братский “Гулоб”-и кӯчаи Свердловский, “Файзбор”-и кӯчаи ба номи Т.Қурбони шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаҳои Дараи Эмом ва Учқули ҷамоати деҳоти Доғистон баргузор гардида дар он атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барраси гардид.
А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Молиячиён»-и назди Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Кушониён -27” Ҷобирзода Тоҳир Гул дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён қабули итихобкунандагони худро доир намуд.
КӮЛОБ. Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ "Созагндагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор" дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуд.
ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи Заркамари ноҳия бо гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи мақом ва манзалати занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12