БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабини дар доираи Соли тақвияти робата бо маҳал

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Фирӯз Пиров ва Моҳира Одинаева барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Иқболи ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади расидан ба  истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои ифротӣ,  озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон»  суханронӣ карда,  ҳунармандони чирадасту моҳири  деҳаро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

Пас аз андешарониҳо масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки  занону бонувони ҳунарманд, устоҳои  номдору чирадасти маҳал  ҳунари  волои хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда, ба  маҳорати ҳунармандии онҳо баҳои хуб доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg