КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар маҳаллаи ЧГП-2 намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷиликӯл” Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл баргузор гардид.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Маликоваи ҷамоати деҳоти Корез корҳои фаҳмондадиҳии кӯча ба кӯча баргузор гардид.
ВОСЕЪ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.
ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулокоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ваҳш дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳобод»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо сокинони маҳал доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ дар мавзӯъи «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» вохӯрӣ баргузор гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мададгори вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шуҳратёри ҷамоати деҳоти Ватан намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Раҳимбек” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, раиси деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Қизилқалъа Расулов Ҷалол атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-ама
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои банди 53-и ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти матлубот» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12