БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву хуррамӣ ва сарсабзии Ватан дар дасти мо соҳибватанон аст

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷиликӯл”  Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл баргузор гардид. 

Дар кори ҷамъомад фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  иштирок доштанд.

Сараввал  маҷлисро  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абубакр  кушода, мақсад аз баргузории  маҷлисро ба  иштирокдорон фаҳмонид.

Баъдан  мавсуф  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии  он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон,  пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, сафарбар кардани  ҷавонони синни даъвати ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ,  роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”,  пешгирии  шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ  аз ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ,  истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ,  иқрори  яке аз саркардагони  аъзои ташкилоти террористии дар  кишвар мамнуъ Аёмиддин Сатторов,  куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара  суханронӣ намуда, бори дигар ҳамагонро аз хавфу хатарҳои  ҳизуб ҳаракатҳои ифротӣ ҳушдор намуд.  

Дар идомаи маҷлис чанде аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба масъалаҳои номбурда баён карда, иброз доштанд, ки ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз дар дасти ҳар яки мо соҳибватан вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро  зарур аст, ҷавобан ба ғамхориҳову ташаббусҳои неки Пешвои миллат содиқона хизмат намуда,  барои боз ҳам пешрафта гардидани Ватани маҳбубамон саъу талош намоем.

Дар охир  масъулин ба иштирокдорон маводҳои  таблиғотии ҳизбиро дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg