ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро амалӣ менамояд. Дирӯз бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроия Исфандиёр Саидмаҳмудов ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Заркуҳи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Аксияи таблиғотии “хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз онрӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила дар тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 гузаронида шуд. Дар ин рӯз заминҳои 73 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба қадри дусола захира намудани маводи ғизоӣ расонида шуд.