БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАРКӮҲ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро амалӣ менамояд. Дирӯз бо иштироки корманди масъули  Кумитаи иҷроия Исфандиёр Саидмаҳмудов ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Заркуҳи  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт Аксияи таблиғотии “хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз онрӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила дар тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021  гузаронида шуд.  Дар ин рӯз  заминҳои  73 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба қадри дусола захира намудани маводи ғизоӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg