КӮЛОБ. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд. Бахшида ба Рӯзи Модар дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор карда шуд. Зимни он узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф иштирок ва баромад карда, занону бонувонро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику муборакбод гуфт.































