ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси COVID - 19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат- боигарии давлат” гардиш доир намуданд.






























