Ҳамватанони азиз!
Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
"Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост". Эмомалӣ РАҲМОН.
Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!
Ҳамватанони гиромӣ!
Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ёвон! Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатӣ боз як муассисаи замонавии таълимӣ — мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ифтитоҳ гардид.
Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо кормандони ҷавонон ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Лолазори xамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон оид ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва чорабинии фаҳангӣ б
А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҳимов Ҳоким ва Қурбонов Абдурашид хониши сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар мавзӯъи «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати мост!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод баргузор карда шуд.
Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар маҳаллаи Ҳайдарободи ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи аъзои ҳизб ва сокинони маҳалла бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи интизориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12