Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи маърифат”, дастгирию кӯмак ба ятимону оилаҳои ниёзманд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 5 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ҷамоати деҳоти Навобод, ки аз оилаи ятимону оилаҳои ниёзманди ҷомеа буданд кӯмаки яквақтаинаи худро расонид.

























