ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо гурӯҳи таблиғотӣ доир ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо ҷалби духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
























