ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Сафар Гадоеви ҷамоати деҳоти Панҷрӯд чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ш. Раҳимов ва дигар шахсони даъватӣ гузаронида шуд. Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии ҳунармандони деҳа дидан намуданд.





















