БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо маром идома дорад

ВОСЕЪ. Тибқи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар ноҳияи Восеъ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда ва кормандони масъули Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Эҳтироми пули миллӣ эҳтиром ба халқ аст!

ШАҲРИТУЗ. Дар бонки «Амонатгузорӣ»-и ноҳияи  Шаҳритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия  Ачилдиев Турдимурод, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия А.Замонов бо  кормандони ташкилоти номбурда хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба манфиати мардум аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар муассисаи КВД «Тоҷиксуғурта»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

ТАТБИҚИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ!

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмуи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда аст.

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА СОЛИ ТАҚВИЯТИ РОБИТА БО МАҲАЛ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ФАРҲАНГИВУ СИЁСӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Санаи 03.01.2018 дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидану супоридани ҷоизаҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон

Натиҷаҳо назаррасанд, вале масъулият мебояд!

ФАРХОР. Маҷлиси ҷамъбастии  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар соли 2018 баргузор гардид.

Паём – масъулиятро баланд месозад

КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид.

Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи касалиҳои пӯст»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018

Муҳтарам Раёсат, ҳозирини гиромӣ. Кумитаи иҷроия ва  дар маҷмуъ сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома, қарорҳои Анҷумани XII ҳизб ва маҷлисҳои Раёсату Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ва

2019 – СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОХТОРҲОИ ҲИЗБИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 02.01.2019 дар шаҳри Бохтар Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб  Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид. Инчунин, дар кори маҷлис раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят ва муовинонашон иштирок намуданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон