БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷаҳо назаррасанд, вале масъулият мебояд!

ФАРХОР. Маҷлиси ҷамъбастии  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар он  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, раисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок дошта, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар соли 2018 шунида, муҳокима ва зимни тасдиқи нақша самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиёни ноҳияро барои соли 2019 муайян  намуданд.

Ҳамчунин, дар маҷлис номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо ба вакилии Маҷлиси вакилони ноҳияи Фархор дар ҳавзаи интихоботии №11 пешбарӣ карда шуд.

Зимни ҷамъбасти кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров аз дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки дар маҷлиси васеъи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон рӯзи 3 январи соли 2018 ба миёнгузошта буданд, ёдовар шуда, аз аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб даъват ба амал овард, ки бояд ҳар кадоми онҳо дар иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg