БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Январ 2022

ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОН ДАР МАҲАЛ

КӮШОНИЁН. Дирӯз дар толори Меҳмонхонаи “Сайёд”-и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи  ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Файзулло Машраб Қурбоналӣ ва Маҷидзода Сарвиноз Комил бо фаъолони ҷамоат  доир гардид.

ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН БА ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ ИРКУТСКИ ФР

КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси Ҷамъияти миллӣ - фарҳангии тоҷикон дар вилояти Иркутски умитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Наврӯз Ҳусейнзода бо раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир гардид.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

КӮЛОБ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бо интихобкунандагон вохӯрӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифҷон Ҳакимзода ва Ашӯрзода Ғиёсиддин, инчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

НУКТАҲОИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

КӮЛОБ. Дирӯз бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашурзода Ғиёсиддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз оид ба шарҳу тавзеҳ додани нуқтаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои Навкант, 20-ум ва Раҳимзода вохӯрӣ баргузор карда шуд.

ТАРҒИБИ ПАЁМ МИЁНИ АҲОЛӢ

КӮЛОБ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои Чармгарон, Суғдиён, Бозорӣ ва И. Сомонии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ВАКИЛОН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифҷон Ҳакимзода ва Ашӯрзода Ғиёсиддин, инчунин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва дигар шахсони расмӣ бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Ас

ПАЁМ МУЖДАИ НЕК АСТ

ЁВОН. Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” зимни суханронӣ дар назди  фаъолони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов иброз намуд, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланду бошарафи тоҷик соли тақдирсоз ва басо гуворо буд, зеро ки имсол мо ҷашни бошукӯҳу таърихии хеш 30 солагии Истиқлолияти худро ҷашн гирифтем.

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ЁВОН. Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ узви Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 20 адад ва аз ҷониби Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13 адад аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ гардида, ба маъюбон дастрас карда шуд.

ПАЁМ БАРНОМАИ МУКАММАЛИ СОЛ АСТ

ЁВОН. Бо иштироки Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” ва иштироки фаъолонаи устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар партави Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси қонунгузорӣ кишвар вохӯрӣ доир гардид.

МАЪЮБОН ЗЕРИ ҲИМОЯИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ЁВОН. Дар доираи тадбирҳо ба ифтихори Соли нави мелодӣ дар доираи сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аёдат ва расонидани кумакҳои башардӯстона дар арафаи ҷашну маросимҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg